БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗУҲУРОТИ ПАЙДОИШИ ИФРОГАРОИИ ДИНИРО РЕШАКАН НАМУДАН ЛОЗИМ АСТ!

ВОКУНИШ.Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳавуллоту бархурдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар чаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистиву ифрогароии динӣ  дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Мубориза бо ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва решакан кардани он дар Тоҷикистон, имрўз ба зарурияти воҷиби таърихӣ табдил ёфтааст ва ба назар чунин мерасад, ки Ҳукумати мо дар ин самт чораҳои хеле зарурӣ ва сари вақтӣ андешида истодааст. Албатта ин бесабаб нест, зеро ифротгароӣ ва ифротишавӣ зуҳуроти хеле хавфнокест, ки агарчи таблиғгарони он бо баҳонаи дини воқеӣ ва эътиқоди ҳақиқӣ аз номи Ислом баромад мекунанд, ҳеч мансубияте ба ислом надоранд. Ба таври дигар ифротиён ин гурўҳи тасодуфӣ ва гумроҳшудагонеанд, ки дар аксар ҳолатҳо зери таассуб қарор гирифта, ақидаҳои худро тағйир додаанд ва дониставу надониста, дар ниҳоят ба гурўҳҳои ифротӣ шомил шудаанд.

Бо шомил шудан ба гурўҳҳои экстремистӣ  шахси пайвастшуда, дигар имконияти баромадан аз онро гум мекунад ва дар гирдоби ақидаҳои ифротгароёна ғарқ гашта, нобуд мешавад. Барои он ки ҷомеа аз ҳадафҳои ашхоси ифротишуда ва гурўҳҳои ифротии ба ҷомеаи инсонӣ хатарнок огоҳ шавад, бояд алайҳи онҳо на танҳо давлат, балки тамоми аҳолӣ мубориза барад. Муборизаи мазкур бояд дар якчанд самтҳо пеш бурда шавад. Нахуст, ба таври назариявӣ фош кардани моҳияти ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва таҳияи барномаи муборизаҳои идеологӣ алайҳи он. Баъдан ҷорӣ намудани маҷмўи ислоҳоти қатъии иқтисодӣ ва ичтимоӣ-сиёсӣ, ки омилҳои иҷтимоии экстремизми динӣ-сиёсиро аз байн мебарад.

Ба назари мо, омўзиши таърихи пайдоиши ифротгароӣ дар  ҷаҳони ислом ва берун аз он, набояд ба мушкилоти «терроризми исломӣ», «таҳдидҳои исломӣ», «ноустувории бисёрҷабҳа» ва ғайра ҳаммаъно карда шавад. Мо бояд фаҳмем, ки фарқияти принсипиалии байни фалсафаҳои исломие чун порсоӣ, тақводорию парҳезгорӣ аз як тараф ва ифротгароиву терроризм аз тарафи дигар аз чи иборат аст. Ҳамчунин ошкор намудани решаҳои таърихии ифротгароӣ дар ҷомеаи исломӣ, муайян намудани ҷои тамоюли экстремизм дар низоми тамаддуни исломӣ ва ғариисломӣ пешниҳод мешавад.

Аз ҷиҳати таркиб ифротгароӣ метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад. Ҳамаи ин гуногуншаклӣ вобаста ба нишонаҳои гуногуни худ бештар аз ҳама дар фазои фаъолият ё аз рўи хусусияти таркиби идеологияи ифротгароӣ ва мақсадҳои он, зуҳур меёбад. Агар ба сарчашмаҳои пайдоиши он нигарем ва аз ҳадафҳои дар пеш гузоштаи гурўҳҳои ифротгаро огоҳӣ пайдо намоем, он гоҳ муътақид мешавем, ки ташкили онҳо ҳамеша бар зарари ҷомеаи инсонӣ аст.

        Омилҳои зиёде ҳастанд, ки  ифротгароиро ба вуҷуд меоранд, аз ҷумла  ба вуҷуд омадани фазои холии идеологӣ, бемаърифатии ҷавонон, надоштани саводии кофии илмӣ ва динӣ,  падидаҳои иҷтимоӣ,  афзоиши эҳсосотии поймол шудани шарафи миллӣ ва ғайра.

Ба омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки барои пайдоиши ифротгароӣ сабаб мешаванд, албатта якбора поён рафтани сатҳи зиндагии гурўҳи муайяни иҷтимоӣ, поён рафтани мақоми иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои ў ва озодии воқеӣ дар низоми иҷтимоии мазкур дохил мешаванд. Саҳми аз ҳама асосиро дар ташкили ифротгароӣ омилҳои психологӣ мебозанд.

Вазифаи асосии ташкилкунандаи ақидаҳои ифротгарои динӣ – таҳияи идеологияи ифротгароии динӣ ба ҳисоб меравад. Идеологие, ки ў меофарад, миёни ҳамақидаҳояш ҳамчун намунаи фикрҳои радикалӣ  ҳифз карда мешавад.

Шахси калидии ҷамъияти ифротгарои динӣ тарғибгар-ташкилотчӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз  ў паҳн намудани идеологияи ифротгароиро таъмин мекунад, назарияро бо ифротиён ва татбиқи идеологии диниро бо гурўҳи мушаххаси диндорон алоқаманд мекунад. Тарғибгар – ташкилотчӣ, ки ўро қолаби “пешво” ҳам меноманд, худ идеологияи худро намесозад, вале  ў дар ниҳоят мубталои идеологияи ифротӣ мегардад. Ин гуна ашхос дар аввал худ низ асосан дар қатори онҳое буд, ки идеяро пеш мебурданд, вале дар ниҳоят ўро бо ин идея чунон гипнозӣ мекунанд, ки ба мубаллиғ ва пайрави идеяи ифротгароӣ табдил меёбад ва то лаҳзаи охир идеологияи дигареро қабул намекунад.

Масалан, Ислом худкуширо куллан манъ мекунад ва худкушро ҳатто ҳаром унвон карда, ба ҷанозааш иҷозат намедиҳад. Вале тарғибғарони ифротгароӣ, ба хотири ба таври васеъ истифода бурдани маргталабон амали ба таври маргталабона ҳуҷум намудани ифротиёнро як навъ ҷиҳод унвон карда, онро на худкушӣ, балки ба шаҳодат расидан унвон мекунанд, ки ин гумроҳшудагонро бештар ба марг тарғиб мекунад. Ин худ гувоҳи он аст, ки ҳаёти ифротгароён дар назди сардорон ва мубаллиғони онҳо ҳеҷ арзише надорад.  Бар ивази марг ба маргталабон сардорони онҳо чуз ваъдаҳои хому пуч дар ин дунё дигар чизе намедиҳанд. Барои онҳо мафҳуми падар, модар ва ҳатто оилаву зану фарзанд аз байн меравад ва танҳо эътиқоди нодурусти аз худкарда боқӣ мемонаду халос.

Ташкилотҳои экстремистӣ  дар мубориза бар зидди якдигар ва дар зери мутеъи худ даровардани тамоми чаҳон, комилан қодиранд, ки зиёни бузург ба тамоми тамаддуни башарӣ  расонанд ва умуман онро бо номи идеяҳои беақлонаи худ маҳв созанд.

        Ҳамин як таҳлили кўтоҳ ва муроҷиат ба тамоюлҳо ва сарчашмаҳои пайдоиши экстремизм худ гувоҳи он аст, ки гурўҳҳои ифротӣ ҳеҷ оқибате ва ҳеҷ манфиате, на ба инсоният ва на ба ислом надоранд. Бинобар ин моро зарур аст, ки бо дарки масъулият сари вақт ҳама гуна зуҳуроти пайдоиши ифротгароиро фош ва маҳкум намуда, барои комилан решакан кардани он корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, онҳоро ҳаматарафа ба роҳи дуруст омода намоем. Танҳо омўзиши дуруст, ҷавонони алакай гумроҳшударо метавонад аз роҳҳои бад баргардонад ва аз пайваст шудан ба гурўҳҳои ифротиву экстремистӣ ҳифз намояд.

Гурўҳҳои ифротиву экстремистӣ на танҳо ба гурўҳи кўчаки аҳолӣ, балки ба пояи миллат ва давлат низ зарба хоҳад зад. Исботи инро чомеаи чаҳонӣ, аллакай дар муборизаҳои  ифротгароёни исломӣ дар Сурияву Ироқ, Афғонистону Ливия ва Шри Ланка диданд ва аз зуҳуроти басо хавфнок будани он огоҳ шуданд.

Бояд иқрор кард, ки барои Тоҷикистони муосир мубориза бо ифротгароии динӣ-сиёсӣ – яке аз вазифаҳои муҳимтарини барномаҳои наҷоти миллӣ ба шумор меравад. Намунаи қадамҳои аввалин ин тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар 2 соли охир теъдоди зиёде аз мактабҳои мазҳабӣ, ки дар назди масҷидҳо ё манозили хусусӣ бо тайёр намудани муридҳо  ба таври ғайрирасмӣ фаъолият мекарданд, баста шуданд.

         4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи  байналмиллалии  саҳи баланд  таҳти унвони  «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бо ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баргузор гард, ки  бо баррасии масоили вобаста ба таҳдидҳои  асри нав – мубориза бар зиддии терроризм ва экстремизм бахшида шуда буд. Дар ин  Конфронс  пешниходхо ва тавсияхои муштарак баҳри аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба тавсиб расиданд. Тоҷикистон бо баргузор намудани ин Конференсия ба хотири таъмини амнияти ҳамаҷониба дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявӣ, тавассути қабули тадбирҳои муштарак намунаи омодагии худро собит намуд.

Сафаров Сайҷаъфар-узви Гурўҳи вакилии ҲХДТ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg