БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШМАНИ МИЛЛАТИ МО ҲАМЕША ДАР ПАЙИ ДУШМАНИ МЕБОШАНД!

ВОКУНИШ. Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯз ба марҳалаи ниҳоят мушкил ва ҳассос расидааст.  Ба ақидаи коршиносони сиёсӣ як қадами хато дар тасмимгирии ин ё он масъалаи сиёсӣ метавонад вазъиятро даҳчанд мураккаб гардонад. 

Сокинони сайёра аз вазъияти чанд сол идомадоштаи Ховари Миёна, Сурия, Ироқ, Либия, Афғонистон дар ташвишанд. Бахусус ташкили гурӯҳҳои террористӣ ва амалҳои ваҳшиёнаи онҳо  боиси марги ҳазорҳо одамон, бехонумон шудани сокинони кишварҳои олам гардидааст. Қисми зиёди дигари сокинони ин кишварҳо аз терроризми сохтаи дасти ғарбиён муҳтоҷи кишварҳои аврупоӣ гардидаанд.

Яке аз гурӯҳҳои террористие, ки имрӯз дар аксар давлатҳои дунё худро гурӯҳи даҳшатафкан нишон медиҳад, ДОИШ аст, ки дар ин чанд соли нооромиҳо зан, кӯдак, пиронсол, маъюб ва дар умум , ҳар касеро, ки хоста аст, бераҳмона куштаанд. Боиси таассуф аст, ки ҳамаи ин қатлу куштори худро террористони ДОИШ бо он ки аз дини мубини ислом бӯе набурдаанд, бо шиорҳои исломӣ ва гӯё ба хотири садоқаташон ба дину шариат анҷом додаанд.

Имрӯз ҳамагон медонанд, ки ин амал кори дасти душманони олами Ислом  аст. Ин бадхоҳон, ки аз аз нуфузи Ислом дар ҷаҳон сахт дар ҳаросанд, бо ташкили чунин гурӯҳҳои даҳшатафкан ва ташкилу анҷом додани чунин саҳнаҳои қатлу ғорат мехоҳанд.  Исломро  дар назари ҷаҳониён зишт нишон диҳанд. Ин аст, ки дар бисёр ҳолатҳо терроризмро ба Ислом рабт медиҳанд.

Хушбахтона, ҳастанд сиёсатмадороне, чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷасурона аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид аз Ислом ва дини мубини он ҳимоят намуда,  ба оламиён гӯшрас намуд, ки “террорист дин, мазҳаб ва миллат надорад”

Имрӯз чунки сару садоҳое ҳаст, ки кишварҳои абарқудрат гӯё ба хотири мубориза бо терроризм эътилофи ҳарбӣ ташкил намудаву ба муқобили ДОИШ, Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро мубориза мебаранд. Аммо ба мисле, ки ”Зери коса нимкоса аст” ин гурӯҳҳо ҳеҷ ба пуррагӣ нобуд карда намешаванд. Чунин бармеояд, ки баъзе давлатҳо аз мавҷудияти гурӯҳҳои террористӣ манфиатдор ҳастанд.

 Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам қайд гардидааст, ки дар мубориза ба муқобили терроризм аз ҷониби  кишварҳои абарқудрат муносибати духура ба назар мерасад.

Ҳоло ҳузури ин гурӯҳҳо дар ҳамаи давлатҳои дунё ба назар мерасад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ( 22 декабри соли 2017) дар алоқамандӣ ба ин мавзӯи доғи рӯз зикр гардид, ки “соли 2017 дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромию низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртаззод  эътироф гардид.  Дар ин давра  зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт”

Мавриди зикр аст, ки гурӯҳҳои террористӣ имрӯз аз технологияи муосир ба таври васеъ  истифода мебаранд.  Онҳо дар давоми чанд соли охир бо ин роҳ ҷавонони зиёдеро гумроҳ намуда,  ба сафҳои худ ҳамроҳ намуданд. Дар ин қатор, мутаассифона ҷавонон аз кишвари мо ҳам ҳастанд.    Бо назардошти ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои худ бо таассуф аз гароиши баъзе ҷавонони миллати соҳибтамаддун ва хирадманди тоҷик бо чунин гурӯҳҳои террористию душманони дину оин ёдоварӣ намуда,  тарбияи ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва раҳму шафқат талаб менамояд.

Моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар пойдории сулҳу оромии ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузорем.

Сайидҷамол Шарифов, узви Гурӯҳӣ вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg