Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҶАВОНОН ҲАМЕША БО ДАВЛАТУ МИЛЛАТИ ХЕШ ИФТИХОР НАМОЯНД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагон-1” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти ҳизбӣ маҷлис баргузор гардид.

Маҷлис бо иштирок ва суханронии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин, ҷонишини ректори ДДК Назаров Ҳотамшо ва узви фаъоли ҲХДТ Шоинов Ҳасан оғоз гардид.

Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин зимни маҷлис қайд кард, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, барои пойдории сулҳу субот ва амнияти кишварамон тамоми нерӯи худро равона созем. Барои тамоми мардум шароити зиндагии шоиста ва арзандаро таъмин намоем. Пеш аз ҳама дар миёни ҷавонон бештар кор карда, ҳисси ифтихори миллӣ ва хештаншиносиро дар замири он онҳо бедор намоем то онҳо фирефтаи ақидаҳои бебунёд нашаванд. Чунки ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти ҷавонон мебошад.

Дар қатори ин гуфтаҳо Назаров Ҳотамшо баромад намуда, изҳор кард, ки барои Тоҷикистонро аз ин дида ободу зеботар гардонем ҷавононро зарур аст пайваста илм омӯзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунанд ва бо иродаи қавӣ ва нерӯву ғарати дучанд баҳри пешрафти Ватан ташаббусҳои худро нишон диҳанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба аъзои нави ҲХДТ, ки аксариятро ҷавонон ташкил медод, билетҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg