
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Айвоҷ»-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Давлатов Саёҳиддин дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ намуданд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ машғул шуданд.