
ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Баҳористон» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он Бекмамадов Асалмамад иштирок намуда қайд кард, ки Қонунҳои миллӣ бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асли фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар охир ҳамаи фикру ақидаҳо баён гардида, дар доираи амалии Аксияи ҳизби таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» бо иштироки фаъолони деҳаи «Айни» махсусан ҷавонон гирду атрофи боғчаи кӯчаро аз алафҳои бегона ва дигар партовҳо тоза намуданд.