БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҶАВОНМАРДИСТ!

ҚУБОДИЁН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон”-и деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Тахти Сангин дар мавзӯъи “Ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи ҷавонмардист” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни андешаронӣ  зикр намуд, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан  аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дошта, ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз мегардад. Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳи он мебошад. Ҳар як ҷавони ба синни даъват расида бояд донад, ки адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҷавонмарди бонангу номус буда, барои хизмат дар қисмҳои низомӣ тамоми шароитҳои моддиву маишӣ фароҳам оварда шудааст. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg