БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ЯК ГИРЕБОН САР БАРОВАРДА ВАТАН ОБОД МЕСОЗЕМ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣДар ташкилоти ибтидоии “Сангтуда” дар деҳаи Нурофар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.                           

Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ баромад намуда, иброз дошт, ки мо  мардуми сарбаланди тоҷикро  лозим аст аз як гиребон сар бароварда, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои  Роҳбари давлат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  ҷиҳати боз ҳам ободу шукуфонтар шудани Ватани маҳбубамон дар корҳои бунёдкорона  саҳм гузорем.

Инчунин, мавсуф дар охир аз ҷамъомадагон  барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагииИстиқлолияти давлатӣ даъват ба амал овард.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg