БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО САЗОВОР ҶАШН МЕГИРЕМ!

ВАХШ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шар-Шар 2» -и ҷамоати шаҳраки Киров вохӯрӣ  баргузор гардид.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Одилҷон Маҳмадов доир ба  сиёсати сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи давлату Ҳукумат ва дар ниҳоди ҳар як сокини кишвар ҷо намудани ҳисси инсондӯстӣ, донистани аҳамият ва қадру манзалати сулҳу Ваҳдати миллӣ, қадрдонӣ аз суннату анъанаҳои миллӣ, адо намудани қарзи фарзандии ҷавонон – хизмат дар сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Баъдан дар қисмати  амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маҳаллаи Шар-Шар-1 бо тариқи ҳашар ва ҷалби соҳибкорони  маҳалли  450 метр роҳҳои таъмирталаб пурра  сангфарш карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg