БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ ВА ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНИ БИНОИ МАЪМУРИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Раҳмонзода Абдулло бо фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи ҳудуди ноҳия, вакилони Маҷлиси вакилони халқии ноҳия  семинар-машварати ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Зимнан  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  Назарзода Толибҷон семинар- машварати ҳизбиро ҳусни оғоз бахшид.

Баъдан Раҳмонзода Абдулло зимни баромадашон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои созандаи ҳизб,  робитаву саҳмгузории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар мафкурасозии миллӣ, таъсири ташкилотҳои динӣ дар ақидасозии мардум ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра ибрози  андеша кард.

Дар охир  ба 4 нафар фаъолони ҲХДТ  Сипосномаҳо ва ба 3 нафар билетҳои ҳизбиро  тақдим карда шуданд.

Баъдан дар маркази ноҳия санги асос барои оғози корҳои сохтмонии бинои маъмурии ҲХДТ гузошта шуда,  ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшида шуд.

         

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg