КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо донишҷӯдухтарони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб вобаста ба тарғиби либоси миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар навбати аввал Мунаввараи Бозоралӣ баромад намуда, қайд кард, ки боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст. Тамоми кӯшишу талошҳои Сарвари давлат бар он аст, ки меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба ояндагон супорем.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки мутаасифона, имрӯз занону бонувони мо бешуурона майл ба либоси бегона намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.
Дар партави ин суханон таъкид шуд, ки мо занону духтарон ҳамеша аз либоси миллии худ ифтихор намоем ва дар ҳамаҷо онро тарғиб созем.