БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОЕ, КИ ДЕВОРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИРО БУНЁД СОХТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ “Беморхонаи чашм” вохӯрӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён дар назди ҳозирин ба сухан баромада, арзёбӣ намуд, ки меҳру муҳаббати беандозаи Пешвои миллат ба Ватан буд, ки ҷомеаи парешонгаштаву навмедгардидаи тоқиконро зери ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, девори устувору бегазанди соҳибистиқлолиро бунёд сохтанд. Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд кард, ки сабурӣ, ботамкинӣ ва фарҳангсолории Сарвари давлатамон ба баҳамоӣ, якдигарбахшии халқи тоҷик мусоидат намуд, чунки худ аввалин шуда, ба бахшиш ва авф рӯй оварданд. Хушбахтона имрӯз дар Тоҷикистон амнияту осудагӣ таъмин аст ва мардуми тоҷик дар фазои ваҳдату ҳамдилӣ умр ба сар мебаранд.

Дар охир таъкид шуд, ки Пешвоеро, ки барои расидан ба Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ аз ҳеҷ гуна хатару мушкилот наҳаросида, баъзан ҳатто ҷони худро ба хатар гузоштаву ва тамоми ҳаёти худро вақфи хизмат ба халқ кардааст, яъне намунаи олии мардиву садоқат ба савганди хеш мебошад, мебояд гирд омада, дар қатори ин марди хирад баҳри ободии Ватан саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg