БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАСЛИ НАВРАСРО ДАР РУҲИЯИ ХЕШТАНШИНОСӢ ВА ЭҲТИРОМ БА ГУЗАШТАҲОИ АҶДОДОНАМОН ТАРБИЯ МЕКУНЕМ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, бо занони хонашин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Фирӯза Абдураҳимова доир ба эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз қабили қуроқордӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гилембофӣ ва ҷашни маросимҳо вобаста ба хусусияти этникии ақалиятҳои миллӣ суҳбат ороста, қайд кард, ки дар баробари тарғиби анъанаҳои миллӣ мебояд, ки насли наврасро низ дар руҳияи хештаншиносӣ ва эҳтиром ба гузаштаҳои аҷдодӣ тарбия кунем.

Инчунин, мавсуф дар идома афзуд, ки дар насли наврас ба ҷои тамошои ҳар гуна филмҳои бадеие, ки тавасути моҳвораҳои телевизионӣ  имрӯзҳо пахш карда мешаванд ва ба урфу одати мо тоҷикон бегона мебошад, ахлоқи наврасонро коста мегардонад, хуб мешуд, ки хониши асарҳои нависандагони тоҷикро тарғиб  намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg