
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сангтуда”-и деҳаи Булакдашт оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмаҳмад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ вобаста ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ суханронӣ намуда, аз хизматҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуд.
Инчунин, мавсуф дар идома ҷамъомадагонро барои расидан ба қадри ғамхориҳои Роҳбари давлат дар ободонии Ватан даъват намуд.