БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД ДАР ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА САҲМ ГУЗОРЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №3” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.

Зимнан намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  дар мавзӯъи “Ободии маҳал дар партави Паёми Пешвои миллат” сухан намуда, зикр карданд, ки

Паёми навбатӣ  фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат қайд карда шуд, ки  яке аз бемориҳои сироятие, ки дар замони муосир онро вабои аср низ мегӯянд бемории вируси норасоии масунияти одам ВИЧ/СПИД буда, аслан ҳазорон  нафар ҷавононро ба коми марг кашида истодааст. Махсусан, имрӯзҳо, ки хурӯҷи  бемории ВИЧ/СПИД дар сатҳи кишвар ба сатҳи ташвишовар зиёд шудааст. Пас биёед якҷоя паҳншавии ин бемориро пешгирӣ намоем. Зеро ояндаи солимии фарзандони мо аз рафтори дурусти имрӯзаамон вобастагӣ дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg