
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Гармчашма»- и ҷамоати деҳоти Обшорон доир ба самтҳоиафхалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ оид ба сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, андешаронӣ карда шуд.
Инчунин, масъулин дар баромади хеш дар бораи моҳияти Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳарф зада, иштирокдоронро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ раҳнамоӣ намуданд.