ВОКУНИШ. Дар бало ва ҳазар аз он, зиёд шунида ва хондаем. Ҳанўз бобою бибиҳоямон дар ин мавзўъ бароямон нақлу ривоятҳои зиёде нақл карда буданд. Валле, кулан намедонистем, ки бало чист, аниқтараш кист ва чӣ бадбахтие ба мардум меоварад. Он балоро мо дар симои ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ , ки худро ба ҳайси ҳизби абарқудрати сиёсӣ ба мардум муаррифӣ мекард, дидем.
Аҳли ҷомеа , хурду бузурги кишвар хуб дарк ва мушоҳида намуданд, ки кирдорҳои хиёнаткоронаи ТТЭ ҲНИ аз сустиродагии мардум сўистифода намуда, ҷанги мусаллаҳонаи бародаркуш ташкил намуданд. Ҷанги бародаркушӣ , ки ТТЭ ҲНИ иштирокчии бевоситаи он мебошад, мисли як балои вогир Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мусибату бадбахтӣ таҳрик дод. Фарз кунем, агар ҷанги шаҳрвандӣ , ки омилиасосиаш ТТЭ ҲНИ буда, ба вуқўъ намепайваст ва бало ба сари мардуми тоҷику тоҷикистонӣ намеомад. Тоҷикистон бемайлон рушд мекард ва ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ мерасид. Аммо, чуноне ки медонем, дар ибтидои марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ авзои сиёсию иҷтимоӣ бо «ташаббус»-и ҳиллаҳои назҳати бад шуда, мусибат балои мусибат мардум ва кишварро таҳдид намуд ва саранҷом ба ҷанги фалокатбори мулкӣ сабаб гардид.
Ҳадафҳои пасипардагии ТТЭ ҲНИ танҳо дар сурати касби қудрат ба намоиш гузошта мешаванд. Бинобар ин, аз созмони дунявиситез ва хирадгурез дуррӣ бояд ҷуст. Созмонҳои террористӣ, ки Ховари Миёнаро ба майдони ҷангу хунрезӣ ба мусибату бадбахтӣ табдил доданд, ҳеҷгоҳ боиси амнияту суботи минтақавӣ набуда ва нестанд. Аз ҷумла, раҳбарият ва ҳавохоҳони наҳзатӣ таи фаолияти тўлонӣ, бе ҳеҷ ваҷҳ, манбаи сулҳу оромиш набуданд ва нахоҳанд буд. Баръакс , дар ҳар куҷое , ки пайдо шуданд ва иззи по гузоштанд, нооромию бесуботӣ ҳукумрон мегардад. Инро таҷрибаи башарӣ исбот кардааст. Бинобар ин, бо такя ба мақоли мардумӣ : «аз бало ҳазар» бояд кард.
Терроризм ва истифодагаройӣ ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон таҳдид карда, хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобакоронаи террористон қарор гирифтаанд.
Зоғаков Рустам, узви Гурӯҳӣ вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони
халқи шаҳри Норак