БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИТТИҲОДУ САРҶАМЪИИ МО – ТЕША БА РЕШАИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ ЗАДАН АСТ!

ВОКУНИШ.  Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуши таҳдид, ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ ҳамеша саъю талош намуда, мақсади онро дорад, ки фазои кишвар ҳамеша тинҷу ором бошад, мардум серу пур зиндагӣ намоянд. Далели ин гуфтаҳо ба тавсиб расидани маҷмуи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ки рузҳои 3-4 майи соли 2018 дар пойтахти кишвар бо иштироки 400 намоянда аз 46 мамлакати дунё ва созмонҳои бонуфузи олам гузаронида шуд. Конфронси мазкур бори дигар исбот намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқобили терроризм ва ифротгароӣ буда, баёнгари мавқеи устувор ва иродаи роҳбарияти олии кишвар дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб аст.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки шахси дорои ақли солим аст, ҳаргиз ин падидаи номатлубро дар ҷомеа тарафдорӣ намекунад.

Мо намехоҳем, ки Тоҷикистони озоду ободи мо бори дигар зери ҷангу ҷидолҳо қарор гирад, зеро дар таърихи давлатдории миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвар як маротиба бесарусомониҳо ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намудем.

Ҳамаи озодиву ободӣ, сулҳу ваҳдат, Истиклолияти кишварамон бо ҷаҳду талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Пас месазад, ки баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азизамон дар паҳлуи Пешвои муаззами миллат рост истода, дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳмгузор бошем.

 

Ғаффурова Розия, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ  дар  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg