
КӮЛОБ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади фаъолгардонии ҷомеа, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои созанда ва ҳамкории самаранокро бо ташкилотҳои ҳизбӣ ва деҳаю маҳаллаҳо роҳандозӣ намудан, мунтазам чорабиниҳои гуногуни созандагию ободӣ ва нишасту мулоқотҳоро доир намуда истодааст.
Чунин чорабинӣ дар маҳаллаи Нурободи шаҳри Кӯлоб бо сокинон гузаронида шуд. Зимни мулоқот Фирӯзи Саидмӯъмин – муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ вобаста ба фаъолияти ҲХДТ ва мақсади роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба ҳозирин фаҳмонда дод.
Дар доираи Акисияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон дастаҷамъона 160 метр зинапоя сохта ба истифода доданд. Бояд гуфт, ки кӯдакон наврасон барои ба мактаб рафтан зиёда аз 1 километр роҳҳро тай мекарданд, ки баъди ба истифода додани ин зинапоя роҳи он то ба 160 метр оварда расонида шуд.
Сокинон иброз доштанд, ки баъди ин боз як зипояи дигар дар ҳаҷми 50 метр сохта ба истифода хоҳем дод, ки наздики 4 километр роҳи сокинон то роҳи асосӣ кӯтоҳ хоҳад гардонид.