А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Мирзообод»-и деҳаи Мирзоободи ҷамоати деҳоти ба номи Калинин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулини ҳизбӣ дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ андешаронӣ намуда, ҳамагонро ба корҳои созанда даъват карданд.
Инчунин, дар идома дар доираи баргузории Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳои хайриявӣ ба анҷом расонида шуд. Аз он ҷумла сангфарш намудани роҳи маҳалла, насби 14 адад симчӯбҳои бетонӣ,чароғонкунӣ маҳалла ва гузаронидани хати оби нўшокӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.