ХУРОСОН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ғаллаобод»-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Намояндагони ҳизбӣ доир ба дастуру супоришҳои мақомотиболоии ҳизбӣ суханронӣ карда, аз ҳамагон ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушду нумуи Ватан даъват ба амал оварданд.
Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” пули (купрӯки) мошингузари деҳа азнавсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуд.