БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ ДАР БАЛАНД ГАРДИДАНИ МАСЪУЛИЯТИ СОКИНОН МУСОИДАТ НАМУД

ВОСЕЪ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Умаров Мирзо” семинар-машварати ҳизбӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Восеъ Ғафурзода  Мȳсо  Зариф  доир гардид.

Инчунин, дар семинар-машварати ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар деҳаву маҳал, эмомхатибону аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ширкат варзиданд.

Саравал Ғафурзода  Мусо  Зариф  семинар-машваратро ифтитоӽ намуда, зикр кард, ки яке аз рукнӽои давлатдорӣ ин қувваӽои мусаллаӽаш мебошад. Бинобар ин мо бояд ба ҷавонон  ин нуктаи муӽимро фаӽмонем, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имонии ӽар як ҷавонмарди бонангу номус буда,  мактаби бузурги ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ӽисоб меравад.

Ҳамзамон дар рафти семинар-машварат Раҳмонзода Абдулло доир ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафу мақсадҳои созандаи ҲХДТ,  пешгирӣ шомилшавии ҷавонон ба терроризму экстремизм ва саӽмгузор будан дар таҳкими сулҳу суботи кишвар андешаронӣ намуд.

Дар идома ба ду нафар донишҷȳёни лаёқатманд стипендияӽои ӽизбӣ дода шуда, 6 нафар аъзои фаъоли ӼХДТ бо ифтихорномаӽо сарфароз гардонида шуданд.   

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “С.Ҷумаев” масъулин аз рафти  корҳои ободонӣ тоза намудани ҷȳю заӽбурӽо ва фаъол будани сокинон дар ободонии маӽалли зисти худ дидан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg