Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Дӯстӣ»-и ҷамоати шаҳраки Балх ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он Содиқова Меҳрубон -муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия дар бораи ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар ва эълон шудани солҳои 2019 -2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, суханронӣ намуда аз ҷамъомадагон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат даъват бар амал овард.