БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНДӮСТӢ АЗ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ОҒОЗ МЕЁБАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи санъат” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот доир карда шуд.

Намояндагони ҳизбӣ  дар назди иштирокдорон баромад намудаиброз доштанд, ки дар ҳар як баромад, суханронӣ ё иқдому ташаббусҳои созандае, ки аз ҷониби Асоссгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон ба анҷом медиҳанд, ҳадаф, маром, маънӣ, ва моҳияти ватандӯстона дорад. Таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлати далолати он аст, ки Ватан сарзаминест, ки муҳофизати он на танҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки қарзи инсонову имонӣ ва виҷдонӣ маҳсуб меёбад.

Дигар иштирочиён бо чунин нуқтаи назар ибрози андеша намуда, гуфтанд, ки тарбияи ҳарбӣ -ватандӯстӣ роҳи наҷоти миллат аз хатарҳои эҳтимолии ҷаҳони муосир мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg