![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/57345634_2172488939486150_6650406306920267776_n.jpg?itok=pjWrKPB7)
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Якатут”-и ҷамоати деҳоти Корез оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмаҳмад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ суханронӣ намуда, аз хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии кишвар ёдоварӣ кард.
Инчунин, мавсуф дар идома иброз дошт, ки ҳар яки моро месазад ҷавобан ба ғамхориҳои ватандӯстонаи Роҳбари давлат содиқона ба халқу Ватан хизмат намоем, обу хоки меҳанамонро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.