БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД ДАР ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ АҲАМИЯТИ ҶИДДӢ ЗОҲИР НАМОЕМ!

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии « Киров»  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор  гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Одилҷон Маҳмадов дар бораи сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ суханронӣ намуда,  қайд кард, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Имсол дар давраи соҳибистиқлолӣ аввалин бор аст, ки маҳдудияти барқ пурра бардошта шуд ва мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ хеле наздик шудем. Ин дастоварду комёбии бузург боиси шукргузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои суботу осоиштагии комил ва ваҳдати сартосарӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg