БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЪЗОИ ТЭТ ҲНИ БАРОИ МАНФИАТҲОИ ШАХСИЮ ГУРУҲИИ ХУД ТАЙЁРАНД, КИ НАНГУ НОМУСИ ХУДРО БО НАРХИ АРЗОН ФУРӮШАНД!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори ватанамон бо мақсади ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳо баҳри ободонию шукуфоии Ватанамон рафта истодааст, ки боиси хурсандист. Табиист, ки ин амалҳои нек дар ҳар давру замон ба душманони миллат созгор нест. Солҳои навадуми асри гузашта муассисаҳо, биноҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо технологияҳои нави муосир муҷаҳҳаз набуданд. Дар шароити имрӯзаи мо, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони имрӯза муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои миёна, гимназияҳо, мактабҳои Президентӣ ва байналмиллалӣ, донишкадаҳо ва донишгоҳҳои олии касбӣ бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидааст ба ҳамагон маълумаст.

Бо вуҷуди заҳматҳову кушишҳои Пешвои миллатамон боз гуруҳҳое пайдо мегарданд, ки ба воситаҳои интернет ва ҳар гунна сомонаҳои мисли Facebook, Youtube ва ғайраҳо барои танқид ва сиёҳ намудани давлату миллатамон сарукор доранд. Шояд баъзеҳо барои пулу моли ночизе аз нодонӣ худро ба доми ҳар як найранге мезананд. Ин гунна ашхос барои манфиатҳои шахсию гуруҳӣ шудан тайёр мебошанд нанг, номус ва муқадассоти худро бо нархи арзон фурӯшанд. Хушбахтона аз васоити ахбори ома маълум аст, ки бисёр ҷавононе, ки аз кирдорҳои худ пушаймонанд бо таъсири волидону хешу таборон ислоҳ шудаистодаанд. Аммо бисёр гумроҳҳоне низ мавҷуданд, ки дар хориҷи мамлакат аз насиҳатҳои хешовандон дурр мондаанд ва ба ташкилотҳои гуногуни зидди давлатӣ шомиланд. Як омили ин раванд беназоратии фарзандон дар мамлакатҳои хориҷи кишвар мебошанд.

Агар волидон ақаллан ҳар моҳ як ё ду бор аз аҳволи фарзанд хабардор бошанд, ҷавонон ҳеҷгоҳ ба роҳи каҷ намераванд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамояд «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба ин кори гузашта бурда мерасонад» шоире фармудааст:

Мафрӯш обрӯи Ватанро зи тарси ҷон

Номи абад баҳикмати марди хирад кун.

Мехостам як чизи муҳимро ба волидоне, ки ҷигарбандонашон дар мамлакатҳои гуногун таҳсил ё кор менамоянд тавсия намоям. Дар баробари оне, ки аз кору бор ва аҳволи фарзанд хабардор мешавед, инчунин оиди воқеаҳои фараҳбахши ватан, сохтмонҳои бузург, навгониҳои гуногуни фарҳангию илмӣ ва ғайраҳо иттилоот дода шавад.

Дар натиҷаи ин амал фарзанд ҳам ғизои маънавӣ мегирад, ҳам ба захираи иттилоотиаш маводи манфиатдор илова мешавад.

Муқим Шамсиев, узви ҲХДТ омӯзгори мактаби Президентии ноҳияи Кушониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg