БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧАРО СОЗМОНҲОИ БОНУФУЗИ БАЙНАЛМИЛӢ БА НЕРӮҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТЕМИСТӢ МИНБАР МЕДИҲАНД?

ВОКУНИШ.Таърих  гувоҳ  аст, ки  ташкилоти  террористии  экстремистии  Ҳизби  наҳзати  ислом  дар  рушди  иқтисодӣ  ва  иҷтимоии  кишвар ягон  саҳмие  надошт  ва надорад. Бо  вуҷуди   номнавис  ва  ба  қайд  гирифта шуданаш фаъолияти  дурусте  карда  натавониста  ҷойгоҳи устувореро дар ҷомеа  касб  накард  Вале  бо  корбурди  номи  ислом ва  суистифода  аз  эътиқоди  мардум то  имрӯз  барои  расидан  ба  ҳадафҳои  сиёсии дастнораси  худ  талош  варзида  истодааст.

Фаъолияти  тундравонаи  ТТЭ ҲНИ  ҳеҷ  вақт ба  манфитаи  мардум  набуда он  ҳатто  ҳизби   сиёсии  оппозитсионӣ  дониста  намешавад.   Аз  ин  рӯ  ин  ҳизб  фаъолияти  тундравона  дошта, як  гуруҳи  террористӣ –экстремистӣ  буда  бо  дастгирии  хоҷагони  хориҷии  худ барои  ғасби  ҳокимияти  конститутсионӣ   дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  талош  меварзад. Созмонҳои  бонуфузи  байналмилалӣба ин нерӯҳои  террористию экстемистӣ минбар  медиҳанд, ки  ин  муносибати  духурагии (дустандартаи)  онхоро бори  дигар  нишон  медиҳад.

Аъзои  ин  Ташкилоти  террористӣ- экстремистӣ  дар  замони  ҷаги  шаҳрвандӣ даҳхо амалҳои  террористӣ ва  сӯиқасдҳо  ташкил  карда, боиси  марги садҳо шаҳрвандони  Тоҷикистон  аз ҷумла  шахсиятҳои  шинохтаи  ҷумҳурӣ  шуда  буданд.

Ҳадафи  ин  ТТЭ  ҲНИ тафриқандозӣ  ва  ғасби  ҳокимият дар  Тоҷикистон  буду  ҳаст. Роҳбарияти   ТТЭ ҲНИ  ҳар  рӯз  дар  сомонаҳои  интернетӣ  дӯрӯғҳои  навро  кофта  бароварда  пахш  менмоянд  ва бо  ҳар  гуна  обу  ранги  бадеӣ  ва фиребу дӯру мардумро  гумроҳ  кардан мехоҳанд.   Амо  мардуми  шарифи  Тоҷикистон  фиребу  найрангҳо  ва  фазилатфурушии   роҳбарияти     ТТЭ ҲНИ –ро  хуб  омухтаанд  ва  дигар  ба фиреби  онҳо  бовар  намекунанд.

   Истиқлолияти  кишвар якпорчагии  Ватани  азиз аз  волотарин арзишҳои  ҷомеа  ва  муқаддасоти  давлати  мо  буда  барои  ҳифзу пойдории  он  ҳар  як  шаҳрванди  кишвар  ҳамарӯза  ҷаҳду  талош  меварзад.

 

Ашуров  Хуҷаназар, узви  Гурӯҳи вакилии ҲХДТ  дар Маҷлиси  вакилони халқи  ноҳияи  Носири Хусрав

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg