![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/01_45.jpg?itok=SqqbHk2c)
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагон-4” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба сиёсати пешгирифтаи ҲХДТ вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Зимнан, дар вохӯрӣ муовини раиси Кмитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин иштирок ва суханронӣ намуд.
Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин қайд дошт, ки ҲХДТ бо дастгирӣ ва таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳадафҳои барномавии худ, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ ва зиндагии шоиста роҳнамоӣ мекунад.
Дар навбати худ дигар иштирокдорон низ гуфтанд, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб садоқатмандона ба Пешвои миллат ва ҲХДТ дар роҳи созандагию бунёдкорӣ барои тарақиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон пайваста талошҳои худро равона месозем.