А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар деҳаи Навдии ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣбаргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ зимна доир ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ мулоҳизаронӣ намуда, ҳамагонро ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ намуданд.
Баъдан қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида, заҳбуру заҳкашҳое, ки дар натиҷаи боришоти зиёди баҳорӣ пуршуда ба ҳавлиҳои сокинони деҳа ворид шуда буданд, тоза карда шуданд.