
ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Борбади Марвазӣ»-и ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ корманди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Бекмамадов Асалмамад қайд намуд, ки ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омилӣ асосии нигоҳ доштани сулҳу суботу амнияти кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Воқеан ҳам, солҳои охир ҷавонон хизмат карданро дар сафи Артиши миллии кишвар ифтихори баланди ватандорӣ ва эҳсоси бузурги худшиносӣ медонанд ва ҳар як маъракаи даъвати ҳарбӣ ба чорабинии фараҳбахш, хотирмон ба ифтихорӣ табдил меёбад.