ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулрез” Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” гузаронида шуд.
Зимни баромад масъулин қайд карданд, ки ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низоми ҳамкорӣ намояд. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ба Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.
Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон ба тозаю озода намудани гирду атрофи оромгоҳ, сафед кардани дарахтон ва тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар машғул гардиданд.