
КУШОНИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки ободии Ватан ва осудагии рӯзгори сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат сарчашма гирифта, ҳар яки моро лозим аст, ҷавобан ба ин ғамхориҳо содиқона меҳнат карда, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Баъдан Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ карда шуда, сокинон дар масоҳати 110м2 корҳои симтурхобониро ба анҷом расониданд.