
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Фурудгоҳ” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва котиби ташкилоти ибтидоии “Фурудгоҳ” Сафаров Шариф иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ дар маҷлис Мунаввараи Бозоралӣ қайд дошт, ки солҳои 2019 эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафҳаи аъмолномаи халқамон, бахусус ҳизбамон ба қиёси як саҳифаи зиндагӣ, дар сархати таърих бо навиштаҷоти зарҳалин сабту ҷовидон хоҳад монд. Муҳтавои ин эъломия ҳар фарди кишвар, махсусан узви ҳизбро муаззаф месозад, ки Ватани биҳиштманзараи худро ба тамоми ҷойҳои таърихӣ ба сайёҳони ҷаҳон муаррифӣ намоем.
Дар навбати худ иштирокчиён низ баромад намуда, гуфтанд, ки ташаббусҳои Пешвои миллатро ҷонибдорӣ карда, барои рушди босуботи соҳаи сайёҳӣ талошҳои хешро равона месозанд.