БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Мӯъминобод»- и  ҷамоати деҳоти Ваҳдат ҷиҳати даъвати ҷавонон  ба сафи   Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо падару модарон ва ҷавонони маҳалла вохӯрӣ доир карда шуд.

Нахуст масъулини ҳизбӣ қайд карданд, ки бо Фармони Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аз 1 апрели соли ҷорӣ даъвати баҳории наваскарон ба Артиши миллӣ оғоз гардид. Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию  шуҷоатмандӣ  буда, маҳз обу тоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо меёбад. Бояд ҳар як падару модар хуб донад , ки хизмат ба сафи Қувваҳои муссалаҳ барои ҳар як ҷавони  бономуси Ватан ифтихор ва шарафи бузург маҳсуб меёбад.

Дар  охир   аз падару модарон  даъват  ба  амал оварда шуд,  ки фарзандони худро   набояд  аз хизмат дар сафи   Артиши миллӣ монеа эҷод кунанд, зеро Ватани моро  ҳеҷ  кас ғайри мо   ҳифз намекунаду обод намесозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg