БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ТАБИБОН

КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “КАТС” – и ноҳияи Кушониён вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ доир ба  дастурҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, муошират,  пешгирӣ аз истифодаи  доруҳои қалбакӣ, бесифат ва муҳлаташон гузашта ҳарф заданд.

Ҳамчунин масъулин дар идома дар бораи  дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, амалигардонии барномаву ғояҳои созандаи ҲХДТ ибрози андеша карда, аз ҳамагон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру успоришҳои  Роҳбари давлат тавсияҳои судманд доданд.  

Дар охир ба аъзои нави шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg