БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – НЕРӮИ МУТТАҲИДСОЗУ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои мардумро раҳнамоӣ кардан дар ҳалли мубрамтарин масъалаҳо, новобаста аз мураккабиву душвории онҳо, ба шаҳрвандон дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаю маҳаллаҳо нишасту мулоқотҳо гузаронида истодааст.

Вобаста ба ин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Андози шаҳр” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир ба ҳадафҳои барномавии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Мулоқот бо иштирок ва суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва роҳбари ташкилоти ибтидоии номбурда Пиров Фахриддин оғоз шуд.

Орзу Ҳамидиён баромад намуда, вобаста ба таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Дар робита ба ин иштирокчиёни маҷлис ба баромадкунанда оид ба раванди иҷроиши Барномаи ҲХДТ савол дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки қоидаҳои маъмули этикаи муносибат ба шаҳрвандон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ риоя карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg