БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИИ КИШВАР ФАЪОЛОНА ИШТИРОК МЕКУНЕМ!

ЁВОН. Дар доираи  Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳамза»- и ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав   вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ  оид ба сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, даъвати навбатии ҷавонон ба ҳизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамкории падару модар бо мактаб андешаронӣ карда шуд.

Инчунин, масъулин дар охир аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки  ҷавобан ба ғамхориҳои  Роҳбари давлат содиқона ба халқу Ватан хизмат намуда, парчамбардори  давлату миллат гарданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg