БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЖУҲИШГОҲҲОИ ХОРИҶӢ ВА АҚИДАҲОИ БОТИЛИ ОНҲО ОМИЛИ БЕСУБОТӢ ДАР ҶАҲОН АСТ!

ВОКУНИШ.Ба иттиллои хабаргузории «Радиои Озодӣ» дар мавриди таҳлили пажуҳишҳои амрикоӣ оид ба омилҳои сулҳу амният дар минтақаро шунида, маҷбур шудам ҳамчун як узви ҷомеаи маданӣ доир ба натиҷагирии якҷонибаи ин ниҳод мавқеи шаҳрвандии худро аз дидгоҳи ақли солим ироа дошта бошам.

Ба ақидаи пажуҳишгоҳи амрикоӣ гӯё Тоҷикистон дар ростои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ як кишвари «шикананда» боқӣ монда, дар миёни 20 кишвар ҳамчун кишвари омилҳои «бесуботиаш» бештар қарор гирифтааст. Аз нуқтаи назари таҳлилии ин пажуҳишгоҳ  Тоҷикистон ҳамчун «кишвари осебпазир» муаррифӣ  гардидааст, ки  раванди воқеии ҳаётии сиёсию ҷамъиятӣ  ғайримунсифона  будани  ин таҳлилро борҳо собит намудааст.

Мусаллам  аст, ки таҳлили пажуҳишгоҳи мазкур дар доираи мафкураи  сиёсии амрикоӣ сурат гирифта, ҷаҳонбинии сиёсию фарҳанги миллии мо сарфи назар шудааст. Бояд таҳлилгарони пажуҳишгоҳи амрикоӣ дарк кунанд, ки фарқ миёни Амрикою Осиё аз замин то осмонҳост. Он фарҳангу ҷаҳонбиние, ки дар  Амрикост дар мо нест. Ақидаҳои динию мазҳабии  кулли мардуми Амрико низ дар муқоиса бо мо фарқ мекунад.

 Он ҳама тадқиқоту пажуҳише, ки Амрико дар дигар давлатҳо, махсусан давлатҳои мусалмоннишин пиёда сохта истодааст, вақт аллакай исбот кард, ки онҳо амалишаванда нестанд. Имрӯз ҳар шаҳрвандеро, ки аз ҳаёти сокинони давлатҳои Ховари Миёна ёдрас мешавем, пеши назари онҳо давлатҳои ҷангзадаю аҳолии ваҳшатзада намудор мешаванд.

Метавон гуфт, ки тули зиёда аз 200 соли давлатдорӣ Амрико гарчанде  дар ҳама самтҳо пешрафт карда бошад ҳам, дар баробари ҳама пешрафт баъзе  мушкилотҳо дунболагирӣ ин давлат аст.

Ба фикри солим демократия он нест, ки касе дар ҷомеа чӣ кореро раво мебинаду мехоҳад бояд онро бидуни ҳеҷ муқобилият амалӣ созад. Аниқтараш демократия назоратшаванда аст. Демократия низ дар доираи арзишҳои миллию фарҳангии ҳар як давлат сохта мешавад. Тасаввур кунед, инсони нимурён дар ҷомеаи амрикоӣ чӣ гуна мақом дораду дар ҷомеаи  мо чӣ тавр!

Бо назардошти ин чунин мавқею таҳлилнигорӣ дур аз воқеияту яктарафа баҳогузорӣ намудани масъала аст. Ҳеҷ  шаҳрванди солимфикр  намехоҳад, ки дунболи се-чор нафар ашхоси назари мухолифдоштаю фурӯхташуда бори дигар Тоҷикистон ба гирдоби солҳои 90-ум баргардад.

Агар назари пажуҳишгоҳи амрикоии таҳқиқи амният дастгирӣ ва дастрасии мухолифони давлат ба сиёсат ва солормандӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бошад, фикр мекунам ин иқдом нолозим  ва иҷроношуданист. Зеро мухолифин дар гузашта як маротиба бахшида шуданд ва мо эҳсос кардем, ки чӣ воқеа сари мардум оварданд.

Ба ҳар сурат Тоҷикистон модели давлатдории шарқиёна ва мувофиқ ба иродаи сиёсии аксари сокинонашро ихтиёр кардааст ва рӯз то рӯз иқтисодиёташ пеш меравад. Мо ба ҳеҷ ваҷҳ тарафтори татбиқи демократияи  амрикоӣ дар кишвар нестем.

Мо роҳи рушди устувори хоҷагии халқи мамлакат ва миллати хешро дорем, ки дар ин роҳ ҳама баробар ғайри хоҳиши ҳама гуна пажуҳишгарон  амал  хоҳем кард.

Ҷалолхон Абдуллоев,  узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ  дар  Маҷлиси                                                            вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

                     

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg