БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАНФИАТИ АБАРҚУДРАТҲОИ ҶАҲОН ДАР ЗЕРИ НИҚОБИ “ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ” ҚАРОР ДОРАД

ВОКУНИШ. Дар таърихи гузашта “Хавориҷ”, “Ваҳобия”, вақтҳои охир “Салафия”, имрўз ба номи “Террорист”, пас фардо дар зери кадом ниқоб хуруҷ мекарда бошад? Яке аз масъалаҳое, ки хеле муҳим арзёбӣ мешаванд ва ҷомеаи имрўзаи моро ба ташвиш овардааст, ин масъалаи хурофоту таассуб, баҳсҳои бемаврид ва ривоҷ ёфтани онҳо дар байни мардуми осоишта мебошад, ки ҳатто қисмати зиёди ин зуҳуроти номатлуб дар фикру амали гурўҳҳо ва табақаҳои мухталифи ҷомеа ҷой гирифтааст.

Ҳамзамон чун фарҳанги мо шинохта шуда, офати бисёр хатарнок ва калонеро барои давлату миллат ва ҳам барои дини муқаддаси Ислом хусусан ба мазҳабе, ки 1440 сол муқаддам ва шаст фисади мусулмонони дунё ба ў пайравӣ доранд, ба миён меоварад. Омўзиши урфу одатҳо хеле аҳамияти бузурги амалӣ дошта, бисёртарини онҳо ба фарҳанг ва ҳуввияти миллии мо тааллуқ доранд ва таҳқиқоту корбарии онҳо моро водор месозад, ки раванди тараққиёти миллатро муайян созем ва нагузорем, ки аз ин роҳу усул истифода баранд.

Барои дуруст андешидан доир ба табиати уруфу одатҳо яке апз масъалаҳои муҳиму ҳаёти илмии мардумшиносии тоҷик ба ҳисоб меравад. Мардуми мо уруфу одатҳое, ки дар сайри таърихии фарҳанги миллӣ ҳамчун нишонаҳои роҳ қарор доранд. Дорои маънӣ ва моҳияти хеле бузурге ҳастанд, ки бо боварии том метавон гуфт, ки инро тасаввур кардан хеле мушкил аст. Дар таърихи тоҷикон ва таърихи дини ислом далелҳои раднопазире вуҷуд доранд, ки табиат ва моҳияти уруфу одатҳои тгоҷикон ба дин хеле наздик арзёбӣ меёфт ва ин барои пешрафт ва шукуфоии фарҳанги миллии мо хеле аҳамияти бузург дошт ва то ҳол дорад, ки далели ин гуфтаҳо фарзандони ин миллати бузург ҳастанд. Мисли Абўҳанифа (Нуъмон ибни Собит) ўро тамоми ҷаҳони ислом мешиносанд ва зиёда аз 60 фоизи дунё ба ў пайравӣ доранд, ки мову шумо тшоҳиди онем, ки бо ташаббус ва роҳбарии боз як қаҳрамон-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (соли 2009, Соли бузургдошти Имоми Аъзам) эълон гардид.

Таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ба дину диёнат, муомилот ва таърихи мазҳабии тоҷикон бо ҳидоят ва дастуроти эшон тарҷума, таҳия ва нашр шудани Қуръони Карим ва чанд адабиёти илмӣ-амалӣ аз афкору осори муътабари маорифи ислом басе муассиру судманд воқеъ гардиданд, ки ҳама як урф, як одат, як андеша ва як мактаб доштанду бас, дигар мақсаде дар ин ҷо вуҷуд надорад, фақат яктопарастӣ, ваҳдату дўстӣ байни одамон аст. Робитае, ки дар байни дин ва урфу одатҳо вуҷуд дорад, дорои пайвасти аниқ буда, барои зиндагии рўзмарраи ҳар як инсон ва хосатан барои мо мусулмонон зарур мебошад, мисли рукнҳои ислом аз ҷумла намоз, ки ин гурўҳи осебпазир аввал дар байни мардуми мо аз намоз сар карда, баъдан ба урфу одату анъанаҳои миллии мо даст зада, дар охир маълум шуд, ки инҳо ҳамон гурўҳҳои террористиву экстремистӣ буда, мақсадашон ба як давлати тинҷу обод зарарҳои моливу ҷонӣ расонидан аст, ки тирашон хок хоҳад хўрд.

 

Нодирзода Ислом-узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg