БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ МО ТАЪМИНИ САЛОМАТИИ МОДАРУ КӮДАК АСТ

АНДЕША. Чанде қабл, Паёми навбатии Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки он фарогири тамоми масъалаҳои мубрами рӯз буда, бо дарназардошти протсесҳои ҷаҳонишавӣ ва вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар манотиқи дигари ҷаҳон ва нигоҳи воқеъбинона ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлату ҳукумат муфассал баён гардид. Паёми имсолаи Сарвари давлатро метавон ҳамчун як раҳнамо истифода бурд, зеро масоиле, ки дар он махсусан қайд карда шуданд саривақтӣ буда, ҳаллу фасли онҳо барои пойдории давлат ва зиндагии шоиста барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳиму созанда хоҳад буд.

Роҳбари давлат чун ҳамешагӣ диққати асосиро ба рушди соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, сатҳи забономӯзии онҳо ва муҳайё намудани шароитҳои хубтару беҳтар барои донишандӯзии онҳо равона карда, тараққиёту пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани онҳоро ба рушду пешрафти илму маориф  марбут донистанд.

Дар Паём аз хусуси мушкилоти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сухан рафта, аз нарасидани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб изҳори нигаронӣ карда шуд. Қайд карда шуд, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо технологияҳои инноватсионӣ ва таҷҳизоти наву замонавӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ мебошад.

Барои амалӣ гардонидани супоришҳои Роҳбари давлат дар шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказии шаҳр барои ҳифзи саломатии модару кӯдак тадбирҳои муассир андешида мешавад. Бо ин мақсад соли 2018 дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи JICA, ки зери унвони «Солимгардонии саломатии модар ва кӯдак дар вилояти Хатлон» амал мекунад, ба ин шуъба ба маблағи 293 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббии муосир ворид гардиданд, ки истифодаи онҳо барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва пешгирии ҳамагуна мушкилоти баъди таваллуд нигаронида шудаанд. Дар нимсолаи аввали соли равон низ аз ҷониби ин лоиҳа ворид гардидани чунин таҷҳизот дар назар дошта шудааст.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ зикр намуданд, ки: «Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем»

Дарвоқеъ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат аз тарафи раҳбарияти  ҳукумати кишвар дар баробари дигар соҳаҳову самтҳо ба соҳаи тибу тандурустӣ низ аҳамияти хосса дода шуда истодааст, ки имконияти амалӣ гаштани чунин лоиҳаҳо ва сохта ба истифода дода шудани садҳо муассисаҳои тандурустӣ исботи ин гуфтаҳоянд.

Боиси хурсандии мо табибон аст, ки аз Паём то Паём дар соҳаи тандурустии кишвар тағйироту навгониҳои беш аз пеш ба амал омада, дар ин самт шароити беҳтару хубтари корӣ ва хизматрасониҳои тиббиро фароҳам меорад. Дар ин росто асоситарин талаботи давлат ва ҷомеа аз мо кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамин аст, ки ҳамеша бо дасту дили пок дар хизмати аҳли ҷомеа бошем.

А. Иззатуллоев, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg