БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ БА АМНИЯТУ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТ ХАТАР ЭҶОД МЕКУНАД

АНДЕША. Пайдоиши коррупсия таърихи дурудароз дорад ва  он дар ҳар давру замон садди роҳи пешравии ҷомеа гардидааст.Имрӯз бошад коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба мисли терроризму экстремизм ба амнияту истиқлолияти давлат хатар эҷод менамояд.

Аз ин рӯ, мубориза ба муқобили он вазифаи ҳар инсони поксиришт, ватандӯсту ватанпарвар мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояш борҳо таъкид намудааст, ки “Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад”.

 Дар он давлате , ки сатҳи коррупсия баланд аст,  дигар давлатҳои дуру наздик ба он доду гирифти иқтисодӣ барқарор намекунад.Бе муносибатҳои иқтисодӣ бошад, ягон давлат худро мустақилона аз ҳамаҷиҳат таъмин карда наметавонад. Бо назардошти чунин хатар имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намоянд.

Мутаассифона, чунин ҳамкорӣ ҳоло дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар бисёр ҳолатҳо ин амали зиштро ҳам порагиру ҳам порахӯр пинҳон медоранд. 

 Ба мушоҳида мерасад, ки ҳамон шахсоне, ки дигаронро   ба роҳи  дурусти ҳаёт ҳидоят менамоянд,  бо меҳнати ҳалол зиндагӣ намуданро талқин мекунанд, худ ба чунин амал даст мезананд. Ҳамин сухани пандомӯзи мардум, ки таъкид менамояд “муллоро ба гуфтааш бикуну бо кардааш не”  на танҳо ба муллоҳо, балки  ба ҳамаи он шахсони пандомӯз, ки гуфтаашон аз амалашон фарқ мекунад, дахл дорад.

Барои паст кардани шиддати коррупсия  пеш аз ҳама лозим аст, ки мо  худро ислоҳ намоем. Ба дода қаноат кунем. Дар назди фарзандони худ ҳеҷ гоҳ аз хусуси бо додани ришва иҷро намудани ин ё он корро нақл нанамоем.Дар онҳо тасаввуротеро ба вуҷуд биорем, ки дилхоҳ корро бе додани маблағ иҷро намудан мумкин аст. Ба омӯзгорон ҳам фаҳмонидан лозим аст, ки он маблағеро оварданашро ба хонанда мефармоянд ба тариқи мактуб ба падару модари онҳо фармоянд.

Имрӯз мо ба миқдори хеле ва хеле кам табибе дорем, ки ӯ ҳабиби бемор бошад. Дар баробари он, ки бемор маблағи муайянкардаро месупорад, духтурон ҳар кадом дар алоҳидагӣ маблағи иловагӣ талаб менамоянд. Моро зарур аст, ки чунин табибони ҳаромхӯрро фош намоем. Хомӯш истодани мо бар зарари мост.

Як роҳи асосии аз байн бурдани коррупсия ва ё паст кардани шиддати он дар байни мардум дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳист. Вале дар ин масъала ҳам камбудиҳои ислоҳталаб хеле зиёд аст.

Барои тоза намудани ҷомеа аз ин падидаи номатлуб ба мо лозим аст, ки корҳои ислоҳиро аз худ, аз аъзои оилаи худ сар намоем.  Дар акси ҳол решакан намудан ин одати бад аз имкон берун аст.

Раҷабалӣ  Мирзоев, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg