
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар дар деҳаи Ёли ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов бо сокинон хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.
Дар хониши сиёсӣ мнамояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, доир пешрафту шукуфоии Ватан ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат нисбат ба насли наврасу ҷавон ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша намуданд.
Инчунин, масъулин дар охир аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварданд, ки мо бояд ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат беҳтару бештар меҳнат намуда,барои боз ҳам рушд ёфтани Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем.