ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бозори марказӣ» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизби ноҳия зимни суханронӣ қайд карданд, ки яке аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ин таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ рушди соҳаи саноатро масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ намуда, ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсир мерасонад, соҳаи саноат мебошад.
Дар охир ба иштирокдорон тақвимҳои кисагӣ бо акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд.