БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ВОҚЕАН РАҲНАМОЕСТ, КИ ҲАР СОКИНИ КИШВАРРО БА МЕҲНАТИ СОДИҚОНА РОҲНАМОИ МЕКУНАД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Ватанзода Сайҷафар раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иброз намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат воқеан раҳнамоест, ки ҳар як сокини кишварро ба меҳнати содиқона ва ба  нерӯйи бузургу арзандаву ободкорона  раҳнамун  месозад.

Ба кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони  Тоҷикистон, ки бо  шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратеги миллӣ-истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Дар охир мавсуф  иштирокчиёнро барои роҳандозии  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба иҷрои корҳои созандагию  ободонӣ даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg