ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳаваскор” дар мавзӯъи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат” хониши сиёсӣ доир гардид.
Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар суханронии худ оид ба роҳҳои амалӣ намудани вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон муайян шудаанд, ёдовар шуда иброз дошт, ки татбиқи мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар аъзои ҳизб мебошад.
Инчунин, мавсуф қайд кард, ки пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу субот вазифаи ҳар яки мо ба шумор меравад.