ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Султонобод»-и ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар мавзӯи «Даъват ба сафи Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбату вохӯрии таъсирбахш доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Одилҷон Маҳмадов суханронӣ намуда, қайд кард, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад.
Инчунин, дар идома мавсуф афзуд, ки айни ҳол маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар муқоиса бо солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба нерӯи тавоное табдил ёфтааст.