Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Хирманҷо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Назарзода Тоблилҷон дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ҳарф зада, афзуд, ки дар руҳияи меҳнатдӯстиву садоқат ба Ватан ва дур кардани ҷавонон аз овораву бекоргардӣ вазифаи мо буда, мо падару модаронро лозим аст бештар онҳоро ба навоварию ихтироъкорӣ, донишандӯзиву касбомӯзӣ ҷалб намоем, то ин, ки дар ҷомеа саҳме дошта бошанд.