
А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Истиқлол»-и ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии судманд доир карда шуд.
Дар ҷараёни суҳбат масъулин атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ иброз андеша намуда, зикр карданд, ки иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат вазифаи ҳар сокини кишвар буда, моро лозим аст, барои боз ҳам рушду тараққиёти Ватан бештар саҳм гузорем.
Инчунин, бахшида ба ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои ободонӣ, кашидани хатти оби нӯшокӣ ба масофаи зиёда аз 100метр барои деҳа анҷом дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.