ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “ҷамоати деҳоти Фархор” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва эмомхатибони масҷидҳои ҳудуди ҷамоат хониши сиёсӣ оидба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар назди ҳозирин атрофи самтҳои афзалиатноки фаъолияти ҲХДТ, сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сариштакорӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ, истифодаи мақсадноки қувваи барқ ва инчунин, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда,таъкид карданданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бедодил мебошад.