ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Баҳористон” вохӯрӣ баргузор гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимнан дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Солҳои рушди деҳот , сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуданд.
Баъдан, вобаста ба татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз чуқурии 70 метр об бароварда шуда, барои гулкорӣ ва сангфарш кардани роҳрав ва атрофи он сокинон саҳм гузоштанд.